Варзишгарони тоҷик аз Ӯзбекистон бо 12 медал баргаштанд

Май 17, 2016 16:51

Душанбе,17.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи XII байналмилалии Ҷоми бози Осиё оид ба дзюдо байни навҷавонону наврасон ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 12-15 май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон баргузор шуд, 12 медал (3 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) гирифтанд. Дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз панҷ кишвар — Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзида, дар 8 вазн ҳам байни писарон ва ҳам миёни духтарон қувваозмоӣ карданд. Ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ инчунин имсол барои имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасони соли 2018 мубориза бурданд.
Дар сабқати навҷавонону духтарон гӯштингирони тоҷик 3 медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Паҳлавонони тоҷик Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни то 90 кило, Темур Раҳимов дар вазни то 100 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.
Ду намояндаи дигари Тоҷикистон -Раҳматуллобек Фарҳодов (-73 кг) ва Ёқубҷон Назиров (-81 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Инчунин дар сабқати духтарон Шабнам Раҳимова дар вазни то 48 кг медали биринҷӣ гирифт. Дар ҳисоби умумидаставӣ дар сабқати навҷавонон дастаи мунтахаби Узбекистон бо касби 13 медали тилло, 11 нуқра ва 16 биринҷӣ ғолиб шуд.
Тими мунтахаби Русия бо 1 медали тилло, 1 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ дуюм ва дастаи мунтахаби Қазоқистон бо 1 медали тилло сеюм шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 3 медали нуқра, 3 медали биринҷӣ дар ҷойи чорум қарор гирифт.
Дар сабқати наврасон варзишгарони тоҷик соҳиби се медали тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ гардиданд. Медалҳои тиллоро ба Тоҷикистон Ҷаҳонгири Шамолӣ дар вазни то 73 кило, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 81 кило ва Шоҳида Қаландарова дар сабқати духтарон дар вазни то 57 кило оварданд.
Дар сабқати наврасон низ дастаи мунтахаби Узбекистон бо 12 медали тилло, 10 медали нуқра, 15 медали биринҷӣ мақоми аввалро касб кард. Тими мунтахаби Тоҷикистон бо 3 медали тилло, 1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ дуюм, дастаи мунтахаби Қазоқистон бо 2 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ сеюм, дастаи мунтахаби Русия бо касби 1 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ чорум ва тими мунтахаби Қирғизистон бо як медали нуқра соҳиби ҷои панҷум шуданд.

Май 17, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ