Қабули се регламенти техникӣ аз сӯи Ҳукумати кишвар. Зарурат ва аҳамияти онҳо дар чист?

Май 3, 2016 17:32

Душанбе ,03.05.2016.АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  се регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон  — регламенти  техникии “Бехатарии   маҳсулоти хӯрокворӣ”,  “Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ” ва “Бехатарии  гӯшт ва маҳсулоти  гӯштӣ” қабул гардид.

Ҳадаф аз таҳия ва қабули  регламентҳои  техникӣ дар чист? Ба ин ва дигар саволҳои хабарнигори АМИТ “Ховар” Ҷӯрахон Раҳимзода- сардори Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии «Тоҷикстандарт»  посух дода гуфт,  ки регламентҳои мазкур аз ҷониби мутахассисони Агентии “Тоҷикстандарт”  дар  мувофиқа бо дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар дар соли 2015 таҳия гардида, 29 апрел аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Самти  асосии онҳо барои  ҳимояи бозори истеъмолии кишвар,  бартараф намудани  монеаҳои техникӣ дар савдои байналмилалӣ, таъмини бехатарии бозори истеъмолии ҷумҳурӣ ва рушди маҳсулоти  истеҳоли ватанӣ нигаронида шудааст. Тибқи талаботи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ба меъёрдарории техникӣ”  регламентҳои техникии мазкур  баъди  шаш моҳи тасдиқ гардиданашон мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Масъули мақомоти “Тоҷикстандарт”  афзуд, ки қабули  регламентҳои техникӣ саривақтӣ буда, онҳо имконият фароҳам меоранд, ки истеҳсолоти ватанӣ рушд  ёбад ва маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои кишварамон  дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир гардида,  мавқеи устувор дошта бошанд.  Мавсуф зикр кард, ки дар таҳияи се регламенти техникӣ-  “Бехатарии   маҳсулоти хӯрокворӣ”,  “Бехатарии шир ва маҳсулоти ширӣ” ва “Бехатарии  гӯшт ва маҳсулоти  гӯштӣ”  таҷрибаи кишварҳои аъзои   Иттиҳоди гумрукӣ, талаботи созишномаҳои  Созмони ҷаҳонии савдо оид ба бартараф намудани  монеаҳои техникӣ  омӯхта ва ба инобат  гирифта шудааст.  Ҷӯрахон Раҳимзода зикр кард, ки ҳадафи дигари таҳия ва қабули  се регламенти техникӣ дар кишвар-  иҷро намудани талаботи қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи   ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”,  “ Дар бораи  бехатарии маҳсулоти  хӯрокворӣ” ва “Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ”  мебошад.

Бояд тазакккур дод, ки регламенти техникӣ санади меъёрии техникиест,  ки дар ҷараёни ба меъёрдарории техникӣ таҳия шуда,   талаботи техникии  риояашон ҳатмиро  вобаста ба бехатарии маҳсулот,   ҷараёни коркард, истеҳсол, истифода,  нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркарди партовҳои он,   иҷрои  кор ва хизматрасонӣ дар қисми бехатарӣ муқаррар мекунад.

 

Май 3, 2016 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд