Ҳайати СҲШ раъйпурсии умумихалқиро шаффоф, озод ва қонунӣ эътироф кард
Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ван Кайвэн, муовини котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай-роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаффоф, озод ва қонунӣ эътироф кард. Ин нукта зимни брифинги матбуотӣ, ки имрӯз бо иштироки ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай дар толори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагиҳо, ҷараёни баргузорӣ ва натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хабарнигорон баргузор шуд, таъкид гардид.
Роҳбари ҳайати мазкур Ван Кайвэн изҳор кард, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳо ба баргузории раъпурсиро дар сатҳи баланди ташкилӣ анҷом дод. Аъзои ҳайати мушоҳидони СҲШ бо фаъолияти 78 участкаи раъйдиҳӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, ноҳияҳои Ваҳдат, Варзоб ва шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз наздик шинос гардида, ягон ҳолати вайрон гардидани тартибот ва қонунҳои ҷорӣ ба қайд гирифта нашуд.
Ҳайати мушоҳидони СҲШ иштироки фаъолонаи сокинони мамлакат, аз ҷумла иштироки фаъолонаи ҷавононро мушоҳида карданд, ки ин аз дарки фаҳмиши баланди сиёсӣ ва масъулиятшиносии сокинони Тоҷикистон дарак медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати мушоҳидони СҲШ аз намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон, ҳамчунин аз Котиботи СҲШ иборат ёфта, дар маъракаҳои интихобот ва раъйпурсии кишварҳои аъзои СҲШ бе дахолат кардан ба ҷараёни ин маъракаҳо иштирок карда, натиҷаҳои онро шаффоф инъикос мекунанд.











Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






