Ҷалби хизматчиёни давлатӣ ба курси такмили ихтисос
Душанбе, 17.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Тӯли як ҳафта муовинони раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар навоҳии кишвар, ки масъули бахши кишоварзӣ мебошанд, дар курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатии аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаро гирифта мешаванд.
Курси мазкур бо ибтикори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, ҳадафаш баланд бардоштани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ бо маълумоти муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ аст. Курси такмили ихтисос то 21 май идома ёфта, дар ин муддат бо шунавандагон доир ба мавзӯъҳои заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои амалисозии барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаи кишоварзӣ, боғу токпарварӣ: ҳолат ва дурнамо, усулҳои самараноки истифодаи заминаҳои кишоварзӣ маъруза — мубоҳисаҳо гузаронида мешаванд.
Интизор меравад, ки дар анҷоми курси такмили ихтисос ба шунавандагон гувоҳномаҳо супорида шаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






