Ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманд тавассути озмуни «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»
Душанбе, 5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки моҳи сентябри соли равон Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро баргузор намояд.
Мақсади асосии озмун- ин дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, ҳамчунин дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманде, ки дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ буда, ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ шавқу рағбат доранд, мебошад.
Иштирокдорон ва ғолибони озмун бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда мешаванд. Лоиҳаҳои ҷойҳои намоёнро ишғолнамуда ва муҳим дар сомонаи Интернет-портали миллии инноватсионӣ ва дигар сомонаҳои дахлдор, барои муаррифӣ ба ҷомеа бо мақсади дарёфти сармоя барои дар амал татбиқ намудани он ҷойгир карда мешаванд.
Дар баробари ин, маълумоти мазкур бевосита ба шарикони рушд ва бахши хусусӣ (корхона ва ширкатҳои истеҳсолию хизматрасон) муаррифӣ карда мешаванд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






