Ба зодрӯзи аввалин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон 100 сол пур шуд

Май 9, 2016 19:20

Душанбе,9.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар рӯзҳои 71-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон 100-умин солзоди нахустин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон Неъмат Қарабоев таҷлил карда мешавад. Дар ин бора рӯзномаи вилоятии «Хатлон» хабар додааст.
Рӯзнома аз таърихи азхудкунӣ ва ободонии заминҳои бекорхобидаи водии Вахш, ки дар вақташ «сохтмони умумииттифоқӣ» эълон гардида буд, ёдовар шуда, чунин нигоштааст: «Барои иштирок намудан дар «Вахшстрой» як гурӯҳ деҳқонон аз деҳаи Куйиқозиёни ноҳияи Конибодом низ ба ноҳияи Кагановичобод (ҳозира Ҷалолиддини Балхӣ) кӯч бастанд. Дар байни онҳо Неъмат ном ҷавони 14-15 сола низ буд.
Неъмат Қарабоев ҳамроҳи деҳқонон ба ободонию бунёдкорӣ машғул шуда, ҳамзамон дар курси кӯтоҳмуддати ҳисобчӣ хонда, дар колхози навташкил аз рӯи ин касб ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре рӯзномаи «Хатлон» менависад, Неъмат Қарабоев соли 1937 ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафт. Аввал дар округи ҳарбии Ленинград, дар полки савораи қисми ҳарбии 4679, баъдтар дар шаҳрҳои Украинаи ғарбӣ ва Беларус хизмат кард. Соли 1939 ба округи ҳарбии Киев, полки 300-уми тирандозии дивизияи 7-ум гузашт. Дар ҳайати полк, ки бар зидди гвардиячиёни сафеди фин меҷангид, разведкачӣ-алоқачӣ шуд. Дар яке аз муҳорибаҳои шадид гвардиячиёни сафед мехостанд Неъмат Қарабоевро ба асирӣ гиранд, Неъмат бо як чолокӣ онҳоро бо норинҷак нобуд кард.
21 марти соли 1940 Неъмат Қарабоев дар қатори гурӯҳи аскарони сурх ва афсароне, ки дар ҷанги зидди финҳои сафед мардонагии беназир нишон дода буданд, унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро сазовор гардид ва ӯ аз Осиёи Марказӣ аввалин қаҳрамон буд.
Лейтенанти хурд Неъмат Қарабоев соли 1941 дар омӯзишгоҳи ҳарбии тирандозии Сухуми таҳсил карда, нахуст командири гурӯҳ, ташвиқгари баталйон ва узви бюрои комсомолии полк буд.
Неъмат Қарабоев 22 июни соли 1941 командири взводи полки 88-уми эҳтиётии тирандозӣ таъйин шуд. Баъдтар взводи ӯ дар наздикии Новороссийск ба ҷабҳаи ҷанг даромад. 26 декабри соли 1941 дар як муҳорибаи шадид маҷруҳ шуда, барои табобат ба госпитали шаҳри Боржово афтид. Баъд аз табобат боз ба ҳамон қисми ҳарбӣ баргашт.
Неъмат Қарабоев моҳи январи соли 1943 ҳангоми аз дарёи Дон гузашта, хатти фронти душманро рахна кардан тир хӯрда, ҳалок гардид.
Бо мақсади абадӣ гардонидани номи нахустин Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон бисёр кӯчаю хиёбон, мактабҳо ва хоҷагиҳо ба номи ӯ гузошта шудаанд. Дар шаҳри Душанбе яке аз кӯчаҳои калону зебо ба номи Неъмат Қарабоев номгузорӣ шудааст.
Дар ноҳияҳои Конибодом ва Ҷалолиддини Балхӣ низ нимпайкараи қаҳрамонро гузоштанд.

Май 9, 2016 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид