Азим Иброҳим рўзи ниҳоии анҷоми сохтмони хонаҳои истиқоматиро 15 июн муқаррар кард
Душанбе, 20.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 майи соли равон муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ дидан кард. Зимни баргузории ҷаласаи корӣ бо фаъолони ноҳияи Рӯшон, муовини Сарвазир ба гурӯҳҳои кории қаблан ташкилгардида, ки муваззаф ба қабул, ҷобаҷогузорӣ, кушода нигоҳ доштани роҳ, интиқол ва тақсими маводи сохтмонӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида буданд, изҳори сипос кард, чунки дар натиҷаи мутташаккилона ба роҳ мондани кор онҳо тавонистанд дар фасли зимистон дар давоми 40 рўзи моҳҳои январ-феврали соли равон пурра 792 тонна семент, 565 куб тахта, 121 тонна арматура, 536 дона дар, 402 дона тиреза, 4 тонна мех ва ламинату шиферро барои ҳамаи 134 оилаи пурра аз офати табиӣ зарардидаи водии Бартанг расонанд.
Муовини Сарвазир бо мақсади баҳои воқеӣ додан ба ҷараёни корҳои барқарорсозию сохтмонии хонаҳои пурра ва қисман зарардидаи водии Бартанг аз ҷамоатҳои Басид, деҳаҳои Дорж, Басид, Бардара ва Савноб, деҳаҳои Рошорв, Нисур, Барчидев, Савноб, Рухч, Бопасор ва Пасору Гулдара дидан намуд.
Дар давоми баргузории суҳбати рў ба рў ва ошкоро ба муовини Сарвазир изҳори қаноатмандии сокинон аз кумакҳои расонидаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд.
Баъди анҷоми вохӯриҳо бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ҳамаи 10 деҳаи водии Бартанг, муовини Сарвазир корҳои сохтмонию барқарорсозии манзилҳои истиқоматиро нокифоя баҳогузорӣ намуд. Муовини Сарвазир зикр кард, ки ҳамаи оилаҳои аз офати табиӣ пурра зарардида то ба имрӯз аз ҳисоби давлат бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардидаанд ва соҳибхонахо бояд ҳавасманд бошанд, ки сохтмони хонаҳояшон тезтар ба анҷом расанд.
Илова бар ин шароити сохтмони хона дар Бадахшон ба ин имконият медиҳад. Имконияти дар кўтоҳтарин муҳлат ба анҷом расонидани сохтмони хонаҳо пурра вуҷуд дорад ва агар тибқи нақшаи тасдиқгардида иҷрои корҳоро ба роҳ монем, метавонем дар муҳлати кўтоҳ сохтмони хонаҳоро пурра ба анҷом расонем. Чунин таҷриба аллакай вуҷуд дорад ва вобаста ба ин муҳлати ниҳоии сохтмони хонаҳоро муовини Сарвазир на дертар аз 15 июни соли равон муқаррар кард.
Бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди корҳои сохтмонӣ муовини Сарвазир аз ҳисоби муовинони раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон, раисони ҷамоатҳо ва фаъолони ноҳия ҳамаи 10 деҳаеро, ки дар онҳо хонаҳои сокинон пурра ё қисман зарар дидаанд ба шахсони масъул вобаста гардонид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






