Азим Иброҳим рўзи ниҳоии анҷоми сохтмони хонаҳои истиқоматиро 15 июн муқаррар кард

Май 20, 2016 09:52

Душанбе, 20.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 18 майи соли равон муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ дидан кард. Зимни баргузории ҷаласаи корӣ бо фаъолони ноҳияи Рӯшон, муовини Сарвазир ба гурӯҳҳои кории қаблан ташкилгардида, ки муваззаф ба қабул, ҷобаҷогузорӣ, кушода нигоҳ доштани роҳ, интиқол ва тақсими маводи сохтмонӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардида буданд, изҳори сипос кард, чунки дар натиҷаи мутташаккилона ба роҳ мондани кор онҳо тавонистанд дар фасли зимистон дар давоми 40 рўзи моҳҳои январ-феврали соли равон пурра 792 тонна семент, 565 куб тахта, 121 тонна арматура, 536 дона дар, 402 дона тиреза, 4 тонна мех ва ламинату шиферро барои ҳамаи 134 оилаи пурра аз офати табиӣ зарардидаи водии Бартанг расонанд.
Муовини Сарвазир бо мақсади баҳои воқеӣ додан ба ҷараёни корҳои барқарорсозию сохтмонии хонаҳои пурра ва қисман зарардидаи водии Бартанг аз ҷамоатҳои Басид, деҳаҳои Дорж, Басид, Бардара ва Савноб, деҳаҳои Рошорв, Нисур, Барчидев, Савноб, Рухч, Бопасор ва Пасору Гулдара дидан намуд.
Дар давоми баргузории суҳбати рў ба рў ва ошкоро ба муовини Сарвазир изҳори қаноатмандии сокинон аз кумакҳои расонидаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида шуд.
Баъди анҷоми вохӯриҳо бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ҳамаи 10 деҳаи водии Бартанг, муовини Сарвазир корҳои сохтмонию барқарорсозии манзилҳои истиқоматиро нокифоя баҳогузорӣ намуд. Муовини Сарвазир зикр кард, ки ҳамаи оилаҳои аз офати табиӣ пурра зарардида то ба имрӯз аз ҳисоби давлат бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин гардидаанд ва соҳибхонахо бояд ҳавасманд бошанд, ки сохтмони хонаҳояшон тезтар ба анҷом расанд.
Илова бар ин шароити сохтмони хона дар Бадахшон ба ин имконият медиҳад. Имконияти дар кўтоҳтарин муҳлат ба анҷом расонидани сохтмони хонаҳо пурра вуҷуд дорад ва агар тибқи нақшаи тасдиқгардида иҷрои корҳоро ба роҳ монем, метавонем дар муҳлати кўтоҳ сохтмони хонаҳоро пурра ба анҷом расонем. Чунин таҷриба аллакай вуҷуд дорад ва вобаста ба ин муҳлати ниҳоии сохтмони хонаҳоро муовини Сарвазир на дертар аз 15 июни соли равон муқаррар  кард.
Бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди корҳои сохтмонӣ муовини Сарвазир аз ҳисоби муовинони раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон, раисони ҷамоатҳо ва фаъолони ноҳия ҳамаи 10 деҳаеро, ки дар онҳо хонаҳои сокинон пурра ё қисман зарар дидаанд ба шахсони масъул вобаста гардонид.

Май 20, 2016 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд