Баргузории Фестивали истеъдод ва ҳунарҳои донишҷӯён дар Боғи Ирам
Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи Ирам бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашавии Фестивали истеъдод ва ҳунарҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба иттилои Ҷалолиддин Амиров, сармуттахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм дар фестивали мазкур аз 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ 60 муассиса иштирок намуда, дастовардҳои худро пешкаши тамошобинон гардониданд.
Мақсад аз баргузории Фестивали истеъдод ва ҳунарҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфти истеъдодҳои ҷавон, муттаҳид намудани донишҷӯёни таҳсилоти миёнаи касбӣ, пешгирӣ намудани гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва дигар амалҳои номатлуб, ба мисли нашъамандиву тамокукашӣ буд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






