Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Хатлон натиҷагирӣ шуд
Душанбе, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қурғонтеппа ҷаласаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гашт, ки дар он иҷрои «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Махфират Хидирзода, муовини раиси вилоят ва раиси Шӯро зикр намуд, ки варзиш дар баробари ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ миёни инсонҳо ва як василаи пешгирӣ аз оворагардию вақтро беҳуда сарф намудани наврасону ҷавонон мебошад.
Шаҳзод Раҳимов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар бораи иҷрои «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои то соли 2015» иттилоъ дод, ки тайи панҷ соли гузашта барои татбиқи ин барнома аз ҳисоби бақияи озод ва фонди захиравии раиси вилоят 5 миллиону 36 ҳазору 500 сомонӣ ихтисос дода шуда, дар маҷмӯъ, дар маҳалҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоят 160 майдони варзишӣ, 103 толори махсуси варзишӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
— Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тайи солҳои 2011-2015 ба маблағи 124,8 миллион сомонӣ се маҷмааи варзишӣ, 445 толор, як маркази табобатии варзишӣ, 9 ҳавзи шиноварӣ, ду майдони теннис, 16 варзишгоҳ, 535 майдончаи варзишӣ аз рӯйи намуди футбол, баскетбол ва волейбол, 183 иншооти махсуси варзишии фитнес ва билярд сохтаю таъмир гардида, феълан истифода мешаванд, — афзуд Шаҳзод Раҳимов.
Мавсуф ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар вилоят ҳоло сохтмони се маҷмаа ва 8 толори варзишӣ, 5 варзишгоҳу 73 майдончаи варзишӣ ба маблағи 56,7 миллион сомонӣ идома дорад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






