Баррасии татбиқи Барномаи рушди саноати сабук дар Парлумон

Май 31, 2016 15:49

Душанбе, 31.05.2016./АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни  иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015»  31 май зимни  баргузории муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид.
Таъкид шуд,  ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр шудааст,  ки стратегияи рушди минбаъдаи кишвар саноаткунонии мамлакат буда, ин иқдом ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидории содиротии кишвар мусоидат карда, ҷиҳати беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани  «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» қадами  устуворест дар самти  рушди соҳаи саноати сабук дар кишвар.
Зикр шуд, ки ҳаҷми умумии маблағгузорӣ дар барномаи мазкур 314 миллион долларро аз ҳисоби ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои ба кор андохтани иқтидорҳои нав, вусъат додан ва беҳтар намудани истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ба нақша гирифта шуда буд. Аз давраи амалишавии барномаи соҳа, барои бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои нав, аз нав муҷаҳҳазгардонии хаттҳои технологии корхонаҳои амалкунанда ва васеъгардонии иқтидорҳои истеҳсолӣ беш аз 140 миллион доллар аз худ карда шудааст, ки ин 45,8 % — и маблағҳои пешбинишударо ташкил медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур дар соҳаи саноати сабук корхонаҳои нав бунёд гардида, азнав муҷаҳҳазгардонии хаттҳои технологии корхонаҳои амалкунанда ба анҷом расонида шуд. Иқтидори солонаи корхонаҳои коркарди нахи пахта ба бештар аз 70 ҳазор тонна расонида шуд. Алҳол сохтмони корхонаҳои истеҳсолоти ресандагии  «Евразия Текстайл» ва Маҷмааи истеҳсолоти бофандагии «Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара, ҶДММ «Беҳрӯзи Мурод» —  дар Вахш ва «Адолат А»  дар ноҳияи Фархор идома дошта, интизор меравад, ки дар давоми солҳои 2016  2017 ба истифода дода шаванд.
Дар муҳокимаи парлумонӣ, ки ҳамзамон роҳбарону намояндагони  вазорату идораҳои марбутаи  кишвар ширкат доштанд, доир ба самтҳои афзалиятноки  татбиқи  барномаи мазкур пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.

Май 31, 2016 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад