Cеминари омӯзишӣ барои 30 нафар ҷавонони ташаббускору лаёқатманди Бадахшон

Май 17, 2016 09:29

Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби КВД Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон дар доираи лоиҳаи Танзим ва банақшагирии оила ва солимии репродуктивии наврасону ҷавонони ВБ бо маблағгузории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ аз 15 то 17 май ҷиҳати омода намудани волонтёрон — тренерон, тибқи нақша баргузор карда мешавад.
Мақсади семинари омӯзишӣ омода намудани тренерони ҷавон ба ҳисоб рафта, ба ин васила иштирокдорон дар навбати худ бо истифода аз усули Ҳамсол ба ҳамсол пас аз омӯзиш гирифтанашон чорабиниҳои иттилоотиро дар байни ҳамсолони худ баргузор менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки ба семинари омӯзишӣ 30 нафар ҷавонони ташаббускору лаёқатманд аз деҳа ва маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ҷалб гардида, аллакай рӯзи дуюм аст, ки омӯзиш гирифта истодаанд.

Май 17, 2016 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст