Дар АНМН 374 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд

Май 27, 2016 13:48

Душанбе, 27.05.16. /АМИТ «Ховар»/.  27 май дар арафаи Рӯзи таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, дар бухории ин идора қариб 374 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, дар ҳузури Комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ 374 килограмму 045 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла: 16 кг 452 гр героин, 161 кг 699 гр афюн, 107 кг 511 гр ҳашиш, 88 кг 376 гр бангдона ва 21 ҳабби МДМА аз рӯи 31 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбат ба онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонида шуданд.
Маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ мусодира гардида буданд.
Дар давоми понздаҳ соли охир дар бухории агентӣ зиёда аз 15 тонна маводи нашъаовар сӯзонида шудааст.

Май 27, 2016 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст