Дар Душанбе 40 ҳазор кас дар Дави миллӣ иштирок карданд
Душанбе,16.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дави миллӣ бо иштироки афроди синни мухталиф дар саросари кишвар доир гардид ва ба гуфтаи масъулин, дар он тақрибан ҳудуди 400 ҳазор нафар афроди касбу кори гуногун ширкат карданд. Танҳо дар шаҳри Душанбе ҳудуди 40 ҳазор нафар дар дави миллӣ иштирок намуданд.
Сокинони пойтахт дар ин мусобиқа ҳудуди беш аз 10 километрро тай карда, аз маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб то майдони «Наврӯзгоҳ» миёни ҳам рақобат карданд. Дар дави миллӣ намояндагони аксар корхонаву ташкилот ширкат намуданд ва ба гуфтаи масъулин, донишҷӯёни макотиби олӣ аз ҳама фаъолтар буданд. Ба гуфтаи ташкилкунандагони чорабинӣ, дар ин маърака ғолибон муайян намегарданд ва он танҳо ба хотири оммавияти варзиш ихтисос дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи Дави миллӣ бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 инҷониб ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ барпо мегардад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
















Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






