Дар Файзобод ба ифтихори Рӯзи Ғалаба ҳамоиши идона доир гардид
Файзобод, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори таҷлили Рӯзи Ғалаба 9 майи соли равон дар боғи фарҳангии ноҳияи Файзобод ҳамоиши идона бо иштироки шаҳрвандони тамоми қишрҳои ҷомеа, хурду калон, пиру ҷавон, иштирокдорони ҷанги Афғонистон, собиқадорони меҳнат ва маросими гузоштани гулчамбар дар назди муҷассамаи шаҳидони ҶБВ баргузор гардид. Инчунин дар боғи фарҳангии шаҳр бо иштироки ҳунармандони ҷавони Филармонияи давлатии ноҳия консерти идона ва сайри оммавӣ ташкил карда шуд. Дар арафаи ин ҷашни бошӯкуҳ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои пулии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорони ҶБВ супориданд.
Аҳмад Бердиев, иштирокчии ҷанг мегӯяд, ки бо супориши махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста моро кумак мекунанд ва сари вақт аз ҳоли мо бохабар шуда, мушкилотамонро ҳал мекунанд. Аз ин лиҳоз, аз ҳамаи ҷавонон хоҳиш менамоям, ки дар гирди пешвоямон ҷамъ омада, ба суханҳояш гӯш дода, мамлакатамонро боз ҳам ободу зебо гардонида, аз бадбинону бадхоҳони дохилию хориҷӣ ҳифз намоянд. Дар он сурат қарзи фарзандию инсониямонро иҷро менамоем.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






