Дар Гаити бар асари садамаи киштии хурд зиёда аз 20 нафар ба ҳалокат расиданд
Душанбе, 03.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шимоли Гаити киштии хурд ғарқ шуд, ки дар натиҷа 21 нафар ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад «The Australian».
Киштӣ рӯзи якшанбе ғарқ шуд ва ҷасадҳои ҳалокшудагон пайдо гардиданд. Шумораи дақиқи шахсони дар киштӣ қарордошта номуайян боқӣ мемонад. Киштӣ инчунин маҳсулоти хӯроквориро низ интиқол медод.
Хадамоти бехатарии давлатии Гаити ҷустуҷӯи шахсони ҳалокшуда ё зиндамондаро идома медиҳад. Бино ба иттилои пешакӣ, қисме аз мусофиронро тавонистанд наҷот дода, ба назди табибон равона кунанд.
Дар бастагӣ ба ин ҳодиса мақомот хотиррасон намудаанд, ки аз сафарҳои баҳрӣ ҳангоми номусоид будани вазъи ҳаво худдорӣ намоянд. Давоми 2 ҳафтаи охир дар Гаити бар асари ғарқшавии киштиҳо 28 нафар ҷон бохтанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






