Дар гулӯлаборонҳои Ҳалаб то охири моҳи апрел қариб 50 кӯдак ба ҳалокат расиданд

Май 12, 2016 12:06

Душанбе, 12.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар натиҷаи гулӯлаборонҳои ҷангиён дар шаҳри Ҳалаби Сурия, то охири моҳи апрели соли равон 49 нафар кӯдакон нобуд гардида, ҳазорон ғайринизомиён ҷароҳатҳо бардоштаанд, иттилоъ дод РИА «Новости» бо такя ба як манбаи беморхонаи марказии шаҳр.
«Шумораи қурбониён дар давраи аз 24 апрел то 11 майи соли равон ба 136 нафар расид, ки аз онҳо 63 нафар мард, 24 зан ва 49 кӯдак буданд. Ҳазорон нафар ҷароҳат бардоштанд, ки аз он 300 -тоаш миёна ва сахт арзёбӣ мешавад», — гуфтанд дар муассисаи тандурустӣ.
Сарфи назар аз он ки аз ҷониби фармондеҳии артиши Сурия оташбас эълон шудааст, гурӯҳҳои террористӣ ба амалҳои низомии худ идома дода, хусусан шаҳри Ҳалабро мавриди гулӯлаборонҳои миномётӣ ва мушакӣ қарор медиҳанд.
Неруҳо чандин маротиба кӯшиши ҳамла ба шаҳрро намуданд, вале тамоми ҳамлаҳо аз ҷониби низомиёни Сурия пешгирӣ карда шуданд.

Май 12, 2016 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд