Дар Хуҷанд Ярмаркаи байналхалқии савдо Суғд — 2016 доир мегардад
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ Ховар/. 17-18 июни соли 2016 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Ярмаркаи байналхалқии савдо Суғд-2016 баргузор мешавад. Дар чаҳорчӯбаи ярмарка Форуми озуқаворӣ ва Форуми таҳвили технологияҳо доир мешавад, ки дар онҳо намояндагони ширкатҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.
Ярмаркаи савдо Суғд-2016 аллакай чун анъана гашта, ҳар сол барои истеҳсолкунандагон ва сохторҳои соҳибкории вилоят ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба яке аз рӯйдодҳои муҳими сол табдил меёбад.
Ташкилкунандагони ярмарка Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва шарикони рушд мебошанд.
Мақсади ташкили ярмаркаи байналхалқии савдо — мустаҳкам намудани тиҷорати дарозмуддат ва робитаҳои ҳамкорӣ байни ҷомеаи соҳибкории вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратӣ, муштариёни эҳтимолӣ, сармоягузорон ва доираҳои соҳибкории кишварҳои хориҷӣ тавассути таъмини замина барои нишон додани қобилият ва имконоти иқтисоди вилояти Суғд ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ мебошад.
Таваҷҷуҳи худро барои иштирок дар Ярмаркаи байналхалқии савдо Суғд-2016 на танҳо корхонаву ширкатҳо аз минтақаҳои Тоҷикистон, балки ҷомеаи соҳибкорӣ дар Қазоқистон, Русия, Қирғизистон, Беларус, Словакия, Чин ва кишварҳои дигар изҳор намуданд.
Дар ярмарка инчунин намояндагони корхонаҳои саноати сабук ва бофандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон, намояндагони ширкатҳои тиҷоратӣ, бонкҳо, молиявӣ, машваратӣ, лизинг, нақлиёт ва логистика ва сохторҳои дигар ширкат хоҳанд варзид. Бори нахуст ярмаркаи алоҳидаи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар солҳои охир такони нав дар рушди худ пайдо намудааст ва ярмаркаи алоҳидаи ширкатҳои сайёҳӣ баргузор мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






