Дар садамаи нақлиётии автобус дар Ҳиндустон 13 нафар ҳалок ва беш аз 50 тан маҷрӯҳ шуданд
Душанбе, 05.05.2016 / АМИТ« Ховар »/. Дар натиҷаи аз пули хурде афтидани автобуси хусусӣ дар иёлати Чхаттисгархи маркази Ҳиндустон дастикам 13 нафар кушта ва 53 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Дар ин бора РИА «Новости» бо истинод ба рӯзномаи «India Today» иттилоъ медиҳад.
Садамаи автобус, ки аз шаҳри Гархва ба Райпур раҳсипор буд, соати 22.30 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Бино ба иттилои намояндаи пулис Садананд Кумар, ронандаи автобус бо кӯшиши канорагирӣ аз бархӯрд бо мототсикл, назорати идораи воситаи нақлиётро гум кард, ки дар натиҷа автобус ба дарёи хушкшуда афтода, якчанд маротиба чаппа шудааст.
Аз сабаби зиёд будани воситаҳои нақлиёт, шароити бади роҳҳо ва ҳаракати бетартиби мошинҳо дар Ҳиндустон садамаҳои зиёди нақлиётӣ рух медиҳанд.
Бино ба иттилои Созмони Байналмилалии Беҳдошт ҳар сол дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои кишвар беш аз 200 ҳазор нафар ба ҳалокат мерасанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






