Дар шимолу ғарбии Афғонистон фармондеҳи саҳроии Толибон кушта шуд

Май 27, 2016 11:05

Душанбе, 27.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Чархболҳои Артиши миллии Афғонистон ба ҷонибдорони Мулло Мансур Ахтар дар вилояти Сари пул, шимолу ғарби Афғонистон  дар ҳоле ки онҳо  чорабинии ёдбуди  раҳбари пешини худро мегузаронданд, зарба заданд.
«Ариана ТВ», бо истинод ба намояндаи беном аз мақомоти маҳаллӣ хабар медиҳад, ки шоми рӯзи панҷшанбе  тарафдорони  Мулло Мансур Ахтар дар деҳаи  Kата Қалъаи шаҳристони Созма Қалъаи музофоти Сари пул ба хотири  ёдбуд  ҷамъ  омаданд ва аз ҳаво аз ҷониби чархболҳои Артиши миллии Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд.
Мансабдорони маҳаллӣ  ба  шабакаи телевизионӣ хабар доданд, ки дар натиҷа  ду тарафдори ҳаракати  экстремистии  Толибон кушта ва шаш низомии дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бино ба иттилои манбаъ, дар миёни ҷангиёни кушташуда — Мулло Исмоил — яке аз  фармондеҳони саҳроии  маҳаллии Толибон низ будааст.

Май 27, 2016 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст