Дар Ваҳдат бахшида ба иди Ваҳдати миллӣ ва 25- солагии истиқлолият вохӯрӣ барпо гардид

Май 27, 2016 10:18

Ваҳдат, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба иди Ваҳдати миллӣ ва  25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чойхонаҳои ҷамъиятии деҳаҳои Кабиробод ва Ганҷинаи ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат вохӯрии муовини раиси шаҳр Фарзона Хоҷазода ва масъулини ҷамоат бо сокинони деҳаҳо баргузор шуд. Дар вохӯрӣ масъулин доир ба дастовардҳои замони истиқлолият, сулҳу суботу оромии кишвар, нагаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва рӯй наовардани ҷавонон ба фарҳанги бегона ҳарф зада, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки дар атрофи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, кишварро дар якҷоягӣ боз ҳам ободтару зеботар гардонанд.
Зикр шуд, ки дар ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст, зеро Сарвари давлат зимни ҳар як мулоқоту суханронии худ пайваста мардумро ба далериву шуҷоат, мардонагӣ, эҳсоси баланди ватандорӣ ҳидоят мекунад.

Май 27, 2016 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст