Даври ниҳоии озмуни «Пули забони чинӣ» дар ДМТ
Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» баргузор гардид.
Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» соли равон дар Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Маркази фарҳангӣ- таълимии Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ширкати чинии «Авик Интернейшнл» ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хуа Вей Тоҷикистон» ба роҳ монда шудааст.
Дар даври нимниҳоии озмун 10 нафар иштирокдор ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Баъд аз баргузории даври ниҳоии озмун шахси ғолиб метавонад ба Ҷумҳурии мардумии Чин сафар намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар байни дигар давлатҳои ҷаҳон муаррифӣ намояд.
Мақсад аз баргузории озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ»- ин дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва боз ҳам мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Чин мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






