Дидори сафири Тоҷикистон бо Раиси Маҷлиси намояндагони Миср
Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ Ховар/. 16 майи соли равон дар Қоҳира Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Арабии Миср Алӣ Абдулъол сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт. Сафири кишвари мо ба Раиси Маҷлиси намояндагони Миср паёми табрикии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро расонид.
Алӣ Абдулъол бо изҳори ташаккур аз паёми табрики ҳамтои тоҷики худ таъкид намуд, ки Миср ва Тоҷикистонро муносибатҳои дерини таърихиву фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ӯ афзуд, ки Миср хоҳони густариши муносибатҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо мебошад. Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки парлумонҳои ду кишвар аз тариқи таъсис додани гурӯҳҳои дӯстии Мисру Тоҷикистон ҳамкории дуҷонибаро барқарор карда, аз мубодилаи боздидҳои ҳайатҳои намояндагони мардумӣ аз кишварҳои ҳамдигар истиқбол хоҳанд намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






