Фестивал оид ба навъҳои варзиши ҳарбӣ-амалӣ
Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Вазорати илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи фестивали истеъдодҳо ва ҳунарҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, мусобиқот аз рӯи даҳ намуди варзиш баргузор гардид.Дар доираи ин фестивал хонандагони коллеҷҳои тарбияи ҷисмонӣ, коллеҷи техникӣ, коллеҷи ташкилоти Ҷамъияти мададгори мудофиа ва коллеҷи ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Мусобиқаи мазкур ба 25 солагии истиқлолияти давлатӣ бахшида шуда буд ва дар майдони варзишии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Иштирокдорон аз намудҳои гӯштини миллӣ, партофтани норинҷак, давидан, ҷудо ва ҷамъ кардани автомат, бандкашӣ, вазнбардорӣ ва эстафета нерусанҷӣ намуданд, ки хеле шавқовару диданӣ буд.
Дар анҷоми мусобиқа беҳтаринҳо миёни писарону духтарон муайян гардиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






