Гурӯҳи корӣ барои санҷиши оқибатҳои офати табиӣ ба водии Зарафшон сафар намуд

Май 12, 2016 16:38

Душанбе, 12.05.2016, /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи боришоти чанд рӯзи охир ба бархе аз ҷамоатҳои шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ сел омада, ба баъзе минтақаҳо хисорот ворид намуд.
Бино ба маълумоти Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд 9 май дар ҷамоати деҳоти Дар-Дар дар натиҷаи боришоти зиёд сел омад ва заминҳои киштзори хоҷагии деҳқонии «Деваштич» қисман зарар диданд. Дар натиҷаи борон оби сойи Дар-Дар 2 метр баланд гардида, 6 хонаи истиқоматӣ зери хавф қарор дорад. Дар натиҷаи боришоти 11 май дар деҳаи Нарвади ҷамоати деҳоти Фондарё низ сел омада, 3 сар моли хурд, 10 сар моли калони шохдор талаф ёфта, бархе аз заминҳои наздиҳавлигӣ зери об мондаанд. Дар ин минтақа инчунин 1 км роҳ, як пули мошингузар қисман хароб гардида, 1 пули пиёдагузар пурра вайрон шудааст. Соати 12-00-и 11 май дар деҳаи Путхини ҷамоати деҳоти Айнӣ аз сабаби боришоти зиёд оби сойи деҳа баланд шуд ва дар натиҷа 5 пули одамгузар пурра вайрон шуда, зиёда аз 80 сотих заминҳои шахсии мардум зери обу лой монданд.
Дар деҳаи Новдонак дар натиҷаи сангфароӣ қисме аз қубурҳои обгузар вайрон гардидаанд. Соати15-30 дар километри 11 — 14 ва 20-уми шоҳроҳи Айнӣ Панҷакент резиши санг ба амал омада, ҳаракати нақлиётро мушкил гардонид ва дар айни замон ширкатҳои роҳу пулсозӣ барои бартараф намудани пайомадҳои сангрезӣ сафарбар карда шудаанд.

Бояд зикр кард, ки бо дастури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади санҷиш ва пурра омӯхтани вазъи ҳодисаҳои фавқулода дар айни замон гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар минтақаҳои аз офат зарардида қарор дорад.

Май 12, 2016 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд