Иҷрои пеш аз муҳлати нақшаи даъват ба Қувваҳои мусаллаҳ

Май 27, 2016 13:35

Душанбе, 27.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 27 май тамоми мақомоти масъули вобастаи давлатии давлат дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар  аз иҷрои пурраи нақшаи даъват дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузориш доданд.
Тавре ки котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фаридун Маҳмадализода  ба АМИТ «Ховар иттилоъ дод, дар асоси фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ аз якуми апрели соли 2016 дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида буд.
«Даъвати баҳорӣ беш аз 50 рӯз идома ёфт.  Дар давоми беш аз як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ, иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 80 фоизро ташкил дода буд. Шаҳру  навоҳии мамлакат нақшаи ба онҳо пешбинишударо пурра ба анҷом расонидаанд. Дар миёни гарнизонҳои ҷумҳурӣ дар як моҳи аввал шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳо пешсаф буда, иҷрои нақша дар ин вилоят ба 94 фоиз баробар мебошад. Ин нишондод дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 87 фоизро ташкил дода буд»,-иброз дошт Ф.маҳмадализода.
Дар баробари шаҳрвандон ҳамзамон сарбозоне, ки муҳлати муайяншудаи хизмати ҳатмии ҳарбиро дар қисму воҳидҳои низомии қувваҳои мусаллаҳ пурра ба анҷом расониданд, ба тадриҷ ба эҳтиёт рухсат карда шуданд. «Дар  айни ҳол масоили қабул ва ҷобаҷокунии наваскарон ва омӯзиши онҳо дар курсҳои  кӯтоҳмуддати омодагии ҳарбӣ ҷараён дорад. Дар баъзе қисму воҳидҳои ҳарбӣ аллакай чунин курсҳо ба анҷом расидаанд ва наваскарон ба ҳайси сарбозони комилҳуқуқи Қувваҳои мусаллаҳ ба иҷрои вазифаҳои пурмасъули хизматӣ шурӯъ намудаанд»,-илова кард котиби матбуотии вазорат.

Май 27, 2016 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст