Кӯдакону наврасони маъюб доим таҳти назоратанд
Душанбе, 17.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Конфронси байналмилалии дурӯзае, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид, ба масъалаи бақайдгирии дуруст ва мушкилот дар самти шахсони имконияташон маҳдуд бахшида шудааст. Дастгирии шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва барои дастгирии ҳамешагии онҳо тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар чорабинӣ роҳбарони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии кишвар, муассисаҳои тавонбахшии маъюбон, муассисаҳои махсусгардонидашудаи соҳа ва намояндагони вазорати беҳдошти ҷумҳуриҳои Молдова, Словения, Украина ва Туркманистон ширкат варзида, тӯли ду рӯз мушкилоти бақайдгирии маъюбон ва роҳҳои нави дарёфту табобати онҳоро баррасӣ хоҳанд кард. Зимни суханронии худ дар мавриди вазъи кунунии маъюбон, сардори раёсати хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев зикр намуд, ки то 1 январи соли 2015 дар ҷумҳурӣ 153 ҳазору 248 маъюб ба қайд гирифта шудаанд, ки 25 ҳазори онҳоро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. «Солимгардонии кӯдакону наврасон вазифаи аввалиндараҷаи мо буда, бо ин мақсад 8 мутахассиси ҷавон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои омӯзиш ва такмили ихтисос дар курсҳои семоҳа ва шашмоҳа фиристода шуданд. Имрӯз ин мутахассисон бомуваффақият амалиёти ҷарроҳиро дар дили кӯдакон идома дода истодаанд. Ҳамчунин ба 250 нафар кӯдакону наврасони гирифтори ноқисиҳои узвҳои ҳаракату такягоҳ ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Олмон ҳамасола дар кишвар ҷарроҳиҳои тармимии лаби боло ва кому ҷоғар амалӣ карда мешаванд,-илова намуд Шералӣ Раҳматуллоев.
Давраҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисосро гурӯҳи калони мутахассисони тоҷик ҳамчунин дар кишвари Ҳиндустон гузаштанд. Ҳамасола дар муассисаҳои тавонбахшии ҷумҳурӣ беш аз 3000 кӯдакону наврасон саломатии худро барқарор мекунанд. Дар 9 маркази тиббию машваратӣ ва 2 маркази дахолати саривақтӣ, 21 ҳуҷраи машваратӣ малакаву нигоҳубини дурусти тифлакони маъюб ба волидони онҳо омӯзонида шуда, ба ин восита ба хонаҳои кӯдакон додани тифлакони маъюб пешгирӣ карда мешавад.
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Игор Поканевич зикр кард, ки имрӯз бо вуҷуди хуб ба роҳ мондани дастгирии кӯдакону наврасони маъюб, онҳо мекӯшанд, ки дарёфти саривақтии бемориҳоро низ хуб ба роҳ монанд.
«Сари вақт ба қайд гирифтани кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ҳам барои барвақт барқарор сохтани саломатӣ, ҳам барои зудтар ба модарон омӯзонидани малакаи нигоҳубини онҳо ва доштани маълумоти дақиқ мусоидат мекунад»,-зикр намуд Игор Поканевич.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






