Кӯлоб: Дави миллӣ- гоми қатъӣ ба сӯи нигаҳдошти саломатӣ
Кӯлоб, 16.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии минтақаи Кӯлоб 15 май чорабинии марбут ба Рӯзи дави миллиро бо парчам ва нишонаи ҳизбӣ доир намуд, ки дар он афроди касбу кори гуногун ва ихтиёриён бо теъдоди зиёда аз 2000 нафар фаъолона ширкат варзиданд.
Дави миллӣ дар шаҳри Кӯлоб аз назди боғи ба номи Исмоили Сомонӣ шурӯъ шуда, дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба анҷом расид.
Ихтиёриён дар ин пойга зиёда аз 3,5 километрро тай карда, ба ин восита тавонистанд нишон диҳанд, ки ба варзиш машғул шудан- ин гарави тансиҳатӣ, нигоҳи нек ба зиндагию одамон ва рафтори намунавӣ дар ҷамъият мебошад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб кӯшиш менамояд, то дар масъалаи арзёбии инкишофи ҷомеа ва оммавигардонии варзиш саҳми босазо гузорад.
Иштирокдорони фаъоли пойга бо ифтихорномаву сипосномаҳо ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






