Кӯлоб: ҲХДТ ҷонибдори иқдомҳои созанда аст

Май 26, 2016 17:00

Кӯлоб, 26.05.2016  /АМИТ «Ховар»/. 26 май дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар минтақаи Кӯлоб маҳфили фарҳангӣ доир намуд.
Раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ва аъзои ин ҷамъиятро бо Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх табрик гуфта, зикр намуд, ки ҶҲАТ ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии мустақил ва соҳибихтиёр дар самти фаъолияти башардӯстона, ба табақаҳои муҳтоҷи аҳолӣ, ки дар натиҷаи вазъи феълӣ ҳаёташон зери таҳдид аст, дар мавриди зарурӣ кумаки беғаразонаашро тавассути аъзо ва ихтиёриёни худ мерасонад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз тарафи аъзо ва ихтиёриёни ҷамъият озмун оид ба фаъолияти ҶҲАТ, саҳначаҳои ёрии аввал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, намоиши рақси миллӣ ва инчунин аз тарафи ҳунармандони шаҳри Кӯлоб сурудҳо дар васфи Ватан, Модар, Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Май 26, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд