Кормандони АНМН дар вилояти Суғд чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ гузарониданд
Душанбе, 30.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раёсату шуьбаҳои Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Намудҳои нави воситаҳои нашьадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» баргузор намуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, семинарҳои мазкур аз 23 то 27 май дар Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд ва шуьбаҳои ВКД ҶТ дар шаҳрҳои Исфара ва Панҷакент бо иштироки кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилоти Суғд ва шуьбаҳои ВКД ҶТ аз шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Б.Ғафуров, Ашт, Конибодом ва Ҷ.Расулов баргузор гардиданд.
Ҳамчунин бахшида ба 17-солагии таъсиси агентӣ дар Раёсати АНМН дар вилояти Суғд мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни дастаҳои сохторҳои раёсат гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа футболбозони дастаи шуъбаи фаврию ҷустуҷӯӣ бар ҳарифони худ ғолиб омада, соҳиби ҷоми асосӣ гардиданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






