Кормандони АНМН дар вилояти Суғд чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ гузарониданд

Май 30, 2016 14:11

Душанбе, 30.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раёсату шуьбаҳои Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Намудҳои нави воситаҳои нашьадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» баргузор намуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, семинарҳои мазкур аз 23 то 27 май дар Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд ва шуьбаҳои ВКД ҶТ дар шаҳрҳои Исфара ва Панҷакент бо иштироки кормандони Раёсати ВКД ҶТ дар вилоти Суғд ва шуьбаҳои ВКД ҶТ аз шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол, Истаравшан, Б.Ғафуров, Ашт, Конибодом ва Ҷ.Расулов баргузор гардиданд.
Ҳамчунин  бахшида ба 17-солагии таъсиси агентӣ дар Раёсати АНМН дар вилояти Суғд мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни дастаҳои сохторҳои раёсат гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа футболбозони дастаи шуъбаи фаврию ҷустуҷӯӣ бар ҳарифони худ ғолиб омада, соҳиби ҷоми асосӣ гардиданд.

Май 30, 2016 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд