Кормандони ҷавони Агентии зиддимухаддиротӣ барои ҳифзи музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол савганд ёд намуданд

Май 30, 2016 09:45

Душанбе, 30.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии кормандони ҷавон бахшида ба 17-умин солгарди таъсиси агентии мазкур барпо гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, кормандони ҷавон, ки барои хизмат ба агентӣ қабул карда шуданд, барои садоқат ба Ватан, Президент ва Конститутсия баҳри ҳифзи музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол савганд ёд намуданд.
Директори агентӣ Шерхон Салимзода зикр намуд, ки имрӯз барои боз ҳам дар сатҳи баланд тарбия ва тайёр намудани афсарон саҳму кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад, то онҳо сазовори боварии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
Роҳбари АНМН изҳори боварӣ намуд, ки кормандони ҷавони агентӣ дар оянда низ дар баробари  кормандони дигари агентӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомии кишвар аз уҳдаи вазифаҳои ба зиммадоштаашон сарбаландона мебароянд ва барои ҳифзи манфиатҳои давлативу таъмини амнияти миллӣ содиқона хизмат менамоянд.
Дар маҷлиси тантанавӣ ба кормандони фаъол рутбаҳои махсуси навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаҳо ва раҳматномаҳо супорида шуданд.

Май 30, 2016 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд