Кормандони ҷавони Агентии зиддимухаддиротӣ барои ҳифзи музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол савганд ёд намуданд
Душанбе, 30.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии кормандони ҷавон бахшида ба 17-умин солгарди таъсиси агентии мазкур барпо гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН хабар доданд, кормандони ҷавон, ки барои хизмат ба агентӣ қабул карда шуданд, барои садоқат ба Ватан, Президент ва Конститутсия баҳри ҳифзи музаффариятҳои давлати соҳибистиқлол савганд ёд намуданд.
Директори агентӣ Шерхон Салимзода зикр намуд, ки имрӯз барои боз ҳам дар сатҳи баланд тарбия ва тайёр намудани афсарон саҳму кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад, то онҳо сазовори боварии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.
Роҳбари АНМН изҳори боварӣ намуд, ки кормандони ҷавони агентӣ дар оянда низ дар баробари кормандони дигари агентӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомии кишвар аз уҳдаи вазифаҳои ба зиммадоштаашон сарбаландона мебароянд ва барои ҳифзи манфиатҳои давлативу таъмини амнияти миллӣ содиқона хизмат менамоянд.
Дар маҷлиси тантанавӣ ба кормандони фаъол рутбаҳои махсуси навбатӣ, медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаҳо ва раҳматномаҳо супорида шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






