М. Имомзода: «Дар назди факултети филологияи тоҷики ДМТ ҳамасола маҳфили илмӣ-адабии «Лоиқхонӣ» ба роҳ монда шавад»
Душанбе, 19.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) бо ибтикори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ ва маҳфили «Зеҳн»-и ДМТ дар якҷоягӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки устодону кормандон, адибону олимон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба истиқболи иди Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75- солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид.
«Устод Лоиқ яке аз тавонотарин, маҳбубтарин ва машҳуртарин шоирони замони муосир аст. Соли 2000-ум, вақте ки устод аз дунё гузашт, ҳамин гуна як абарқудрати адабиёт дар Амрико устод Нодир Нодирпур низ аз дунё гузашт, ки он сол барои барои адабиёти тоҷикӣ- форсӣ як соли фаромӯшнашаванда буд»,-чунин гуфт ректори ДМТ академик Муҳаммадюсуф Имомзода дар маҳфил.
Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки: «Пешниҳод менамоям, ки аз ин ба баъд дар рӯзи таваллуди устод Лоиқ Шералӣ дар назди факултети филологияи тоҷики ДМТ ҳамасола маҳфили илмӣ- адабии «Лоиқхонӣ» ба роҳ монда шавад».
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим зикр кард, ки «Адабиёт зиндагӣ аст, мисли зиндагӣ бардавом аст, мисли он пеш меравад, пастию баландиҳо дорад, мушкилиҳо дорад, комёбиву нокомиҳо дорад ва боз мисли зиндагӣ аз давраҳо иборат аст. Лекин дар адабиёт намояндагон ва адибоне ҳастанд, ки бо ҳама бозёфтҳою навгониҳое, ки дар адабиёт овардаанд ва бо ҳама асарҳои мондагоре, ки аз худ ба ёдгор гузоштаанд, худ танҳо як давраи адабиётро ташкил медиҳанд ва ман гумон мекунам Устод Лоиқ аз зумраи ҳамин хел намояндагони адабиёти мо аст».
Дар маҳфили адабӣ адибону олимон Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Абдулҳамид Самадов, Муҳаммад Ғоиб, Рустами Ваҳҳоб, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Аламхон Кучаров ва дигарон оид ба рӯзгору осори Лоиқ Шералӣ сухан гуфтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






