“Маҳсулот агар пастсифат аст, заҳр аст”, “На ҳама ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ омодаанд”, “Чаро мавъизаҳо тарсоваранд, на тарбиятгар?” – шарҳи матбуот
Душанбе, 5.05.2016 (АМИТ «Ховар»). Шумораи навбатии “Ҷумҳурият” (30.04.2016,№84) аз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасдиқ шудани рамзи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар ва ҷаласаи Комиссияи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабару гузоришҳои расмӣ чоп карда, суханони директори кулли ЮНЕСКО Ирина Боковаро, ки нақши Тоҷикистонро дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ муҳим арзёбӣ кардааст, пешкаши хонандагон намудааст. Дар саҳифаи “Шоми шанбе” оид ба “Асрори Гиннес”, “Ҷосусони Бонапарт”, “Муҳандисони романтик” навиштаҳои ҷолиб нашр шудаанд. Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи навбатӣ, ки рӯзи чоршанбе (04.05.2016,№85) чоп шудааст, аз баргузор шудани конфронс дар мавзӯи “Муқовимат ба терроризм: дастовардҳо ва мушкилот” хабар нашр карда, менависад: “Аз соли 1997 дар ҷумҳурӣ 14 созмони террористӣ маҳв шуда, фаъолияти 12 ташкилоти террористию экстремистӣ аз ҷониби Суди Олӣ манъ гардид. Танҳо дар се соли охир 351 ҷинояти хусусияти экстремистидошта ба қайд гирифта шуда, нисбат ба 438 нафар парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст, ки ин рақамҳо нигаронкунанда мебошанд”.
Мақолаи номзади илмҳои филология С.Бақозода “Нақши Сотим Улуғзода дар худшиносии миллӣ” ба эҷодиёти адиби шинохтаи тоҷик бахшида шуда, муаллиф навиштааст: “Яке аз адибоне, ки шахсият ва осораш аз оғози фаъолияти адабиаш саршор аз рӯҳия, ҳадаф ва ғояи миллӣ буд, Сотим Улуғзода мебошад”. Шумораи имрӯзаи нашрияи расмии мамлакат “Ҷумҳурият” (05.05.2016,№86) аз мақолаҳои таҳлилии “Гумроҳӣ, ҷиноят ва ҷазо”, “Хатлон: омодагиҳо дар сатҳи баланд ҷараён доранд”, “Суғд: Ҳадафи мусобиқа шукуфоии Тоҷикистон аст”, мақолаҳои танқидии “Маҳсулот агар пастсифат аст, заҳр аст”, “Кинотеатрҳо фаъол нестанд, чаро?” ва дигар хабару гузоришҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ иборат аст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” (30.04.2016,№57) оид ба мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони вилояти Хатлон бо сарлавҳаи “Раъйпурсӣ. Ҳадаф дифоъ аз манфиатҳои халқу давлат мебошад” гузориши муфассал чоп кардааст. Мақолаи танқидии “На ҳама ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ омодаанд” дар мавзӯи ғайриқаноатбахш будани омодагиҳо ба Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ навишта шудааст.
Дар шумораи имрӯзаи “Садои мардум” (05.05.2016,№58) ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 4-уми майи соли 2016 баргузор гардидааст, инъикос шудааст. Ҳамчунин дар шумораи мазкур аз мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат хабарҳо нашр шудаанд. Мулоқотҳои мазкур вобаста ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, зиёда аз ду ҳафта идома ёфтанд.
Нашрияи русзабони “Народная газета” дар шумораи инҳафтаина аз сафари кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак гузориш чоп карда, бахшида ба 71- солагии Ғалаба бар фашизм мақолаҳои хотиравӣ дарҷ намудааст. Мақолаи Махфират Хидирзода бо сарлавҳаи “Бадтар аз силоҳи ҳастаӣ” аз хатарҳои сӯзандаи ҷанги иттилоотии замони муосир нақл карда, аз даст надодани ҳушёрии сиёсии ҳар сокини кишварро ҳамчун амри зарурӣ барои нигоҳ доштани суботи ҷомеа таъкид кардааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бахшида ба солгарди Ғалаба бар фашизм таҳти рубрикаи “Рӯзномаи Ғалаба” мақолаҳои “Русия саҳми Тоҷикистонро дар Ғалаба баланд баҳогузорӣ мекунад”, “Диловарони бенишон”, “Ғалаба барои зиндагӣ”, “Радисти тоҷик дар конфронси Ялта”, “Сталинобод – шаҳри ғамшарик”, “Занони тоҷик дар ҷабҳа”, “Номаҳо аз фронт” ва натиҷаҳои назарпурсиро ба саволи “Рӯзи ғалабаро чӣ гуна мефаҳмед?” пешкаши хонандагон кардааст. Мақолаҳои “Армони миллӣ”, “Мабод, ки забонгумкарда шавем”, “Чоргона аз “CASA-1000” чӣ манфиат доранд?” дар мавзӯҳои муҳими рӯз навишта шудаанд.
Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” бахшида ба раъйпурсии умумихалқӣ матни пурраи “Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мусоҳибаи роҳбари Дастгоҳи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Додозодаро бо сарлавҳаи “Таъмини шаффофият дар раъйпурсӣ мароми мост” чоп кардааст. Навиштаҳои “Дастурҳои роҳнамои роҳбари ҳизб”, “Хизмат ба давлат, хизмат ба халқ аст”, “Таҷассуми меъмории миллӣ”, “Тир дар камон” ва мақолаи таҳлилии Ҳ.Ализода “Чаро мавъизаҳо тарсоваранд, на тарбиятгар?” – аз тарафи хонандагони нашрия хуш пазируфта хоҳанд шуд.