Мардум бо руҳияи баланд дар раъйпурсӣ иштирок намуда, барои фардои дурахшони Тоҷикистон раъй медиҳанд
Душанбе,22.05.2016/АМИТ «Ховар»/. «Аз субҳи барвақт раъйдиҳандагон бо руҳияи баланд ба участкаҳои раъйдиҳӣ омада, барои дурнамои рушди Тоҷикистон ва сарсабзию шукуфоии сарзаминамон раъй медиҳанд», мегӯяд Қурбоншо Абдуллоев, раиси комиссияи ҳавзавии раъйпурсии Данғара №54.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҳавзаи раъйпурсии Данғара №54, ки дорои 55 участкаи раъйдиҳист, зиёда аз 77 ҳазор раъйдиҳандагон ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин омор беш аз 1800 нафар ҷавононе мебошанд, ки бори нахуст дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат менамоянд. Қ. Абдуллоев афзуд, ки ҷараёни баргузории раъйпурсии умумихалқиро дар 55 участкаи раъйдиҳии ҳавзаи раъйдиҳии Данғара №54 мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва инчунин мушоҳидони миллӣ мушоҳида доранд.
Мавриди зикр аст, ки субҳи 22 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ- раъйпурсии умумихалқӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ин росто шурӯъ аз соати 6:00 субҳ 3 ҳазору 239 участкаи раъйдиҳӣ дар қаламрави кишвар дарҳои худро ба рӯи раъйдиҳандагон боз намуданд.
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи раъйпурсӣ созмон дода шудааст. Ҳамзамон дар 29 давлати хориҷӣ 36 участкаи раъйдиҳӣ ташкил карда шудааст.
Инчунин ҷиҳати таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои баргузории раъйпурсии умумихалқӣ беш аз 120 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва аз корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ҷараёни баргузории раъйпурсии умумихалқиро мушоҳида доранд.
Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст, то имрӯз ба он ду маротиба дар солҳои 1999 ва 2003 тағйру иловаҳо ворид карда шудаанд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад






