Маркази саломатии шаҳри Гулистон соҳиби таҷҳизоти нави муосир гашт

Май 22, 2016 09:30

Гулистон, 22.05.2016. /АМИТ Ховар/. Соли равон дар вилояти Суғд «Соли  фарди солим» эълон гаштааст. Вобаста ба ин баҳри беҳгардонии хизматрасонии тиббӣ ва шароити моддиву техникии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ вобаста ба дастури роҳбари вилоят аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва ҳамзамон шахсони саховатпеша ва соҳибкорон  тадбирҳои мушаххас амалӣ  мегарданд. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз маркази итилоотии роҳбари шаҳр хабар доданд, дар радифи ин иқдомҳои нек аз ҷониби яке аз чунин шахсони саховатманд, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, раиси «Бунёди шафқати ба номи Т.Зокирова» Турсуной Зокирова баҳри беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ба Маркази саломатии шаҳрӣ таҷҳизотҳои тиббии муосир ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ супорида шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ,  шурӯъ аз соли равон аз ҷониби «Бунёди шафқати ба номи Т.Зокирова» барои хариди таҷҳизоти муосири тиббӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳр ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ кумак расонида шудааст.

Май 22, 2016 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ