Мавзӯи об-яке аз мавзӯъҳои мавриди баҳс дар ҳамоиши Истанбул
Душанбе, 16.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Ҳамоиши ҷаҳонии гуманитарӣ», ки қарор аст рӯзҳои 24-25 май бо ширкати роҳбарони чандин кишвар дар Истанбули Туркия баргузор шавад, мавзӯи об ва истифодаи оқилонаи он дар канори дигар масоил аз мавзуъҳои мавриди баҳс хоҳад буд. Дар ин бора Мансур Оздемир — муовини директори генералии Раёсати иттилоот ва матбуоти назди Дастгоҳи Сарвазири Туркия рӯзи 16 май зимни мулоқот бо хабарнигорон иттилоъ дод. Зимни ин мулоқот хабарнигороне, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Кавказ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки ба хотири шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба Ҳамоиши мазкур ба Туркия даъват шуда буданд, ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Мансур Оздемир таъкид кард, ки дар Ҳамоиши Истанбул вазъи муҳоҷирони суриягӣ, буҳрони ҷаҳонӣ ва ҳамкории кишварҳову созмонҳои имдодрасон дар масоили башардӯстона баррасӣ хоҳанд шуд. Вай ибрози умедворӣ кард, ки ҷаҳон дар мавриди муҳочират билохира ба як тасмими муштарак мерасад ва берун аз доираи манофеи сиёсӣ ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон мепардозад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






