«Мо тоҷикон»: Парчами Тоҷикистон дар кӯчаҳои Берлин ва дигар шаҳрҳои Аврупо!
Душанбе, 13.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Баъд аз тай намудани ҳазорҳо километр ва боздид аз кишварҳои гуногуни Иттиҳоди Аврупо иштирокчиёни мотто-марафони «Мо тоҷикон» Форис Нурмуҳаммадов, Фарҳод Калонов, Ширин Эшназарова ва Сановбар Калонова вориди пойтахти Олмон- шаҳри Берлин гардиданд.
Тавре ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, 12 май иштирокчиёни мотто -марафон меҳмони сафорат гардиданд. Онҳо ба Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов оид ба нақшаи сафари худ иттилоъ доданд. Мақсади асосии ин марафон бурдани парчами Тоҷикистон ба ҳар гӯшаву канори қитъаи Аврупо ва расонидани паёми мардуми тоҷик ба сокинони ин давлатҳо мебошад.
Маликшо Неъматов зикр намуд, ки ин амал туҳфаи хуб ба истиқболи 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Иштирокчиёни мото — марафон бо кормандони сафорат аз маҷмааи поси хотири ҷанговарони Ҷанги дуюми ҷаҳон дар хиёбони Тиергартени шаҳри Берлин дидан намуда, ба хотири падарони қаҳрамон гулгузорӣ карданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






