Мубориза бар зидди терроризму экстремизм талаби замон аст!
Хуҷанд, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрии донишҷӯёни факултет бо прокурори калони прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи дуюм Фаррухи Абдулло дар мавзӯи «Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротгароидошта» баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Фаррухи Абдулло дар атрофи мавзӯъ ва таъсири манфии он барои миллату давлат сухан гуфта, сабабҳои асосии шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти ҷангҷӯёна дар паст будани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии қисме аз ҷавонон, надоштани дониши мукаммали сиёсиву динӣ, беиттилоӣ аз моҳияти аслии афкору идеологияи ҳаракатҳои ифротгароӣ арзёбӣ кард.
Хамчунин номбурда дар бораи роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҷараёну фирқаҳои дорои характери тундгароӣ изҳори назар кард.