Мусоҳибаи Пешвои миллат бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ

Май 16, 2016 20:21

Ал-Қувайт, 16.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ мусоҳиба анҷом дод.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорон оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар, густариши робитаҳо бо мамлакатҳои арабӣ, аз ҷумла Давлати Кувайт, натиҷаҳои мулоқотҳои расмии Сарони кишварҳо баҳри пешбурд ва таҳкими ҳамкорӣ, талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳалли қазияҳои минтақа ва ҷаҳон посухҳои мушаххас дод.
Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, мундариҷаи санадҳои ҳамкории имзошуда, нақши равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар расидан ба манфиатҳои муштарак, дурнамои неки ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори туризм, ҷалби сармояи Кувайт ба бахши хусусӣ, натиҷаҳои муносибатҳои 20 — солаи дипломатӣ ва дурнамои он низ аз мавзуъҳои мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори кувайтӣ буд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни посух ба суолҳо оид ба вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт таъкид дошт, ки Тоҷикистон ва кишварҳои арабро анъанаҳои деринаи муносиботи нек ва равобити таърихӣ, ки аз тааллуқ доштан ба фазои ягонаи тамаддунӣ ва муштаракоти зиёди иҷтимоию фарҳангӣ бармеоянд, бо ҳам зич мепайванданд.
Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Давлати Кувайт ва доираи соҳибкорон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дурнамои онро ояндадор ва барои кишварҳо бобарор арзёбӣ кард.
Ба андешаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт — ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, интиқоли оби нӯшокӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, нафту газ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи бонк, андоз, сармоягузорӣ ва муносибот дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф метавонад бошад.
Мавриди зикр аст, ки ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки 15 май оғоз ёфт, дар васоити ахбори оммаи ин кишвари арабӣ, бахусус тавассути телевизион ва радио ба таври васеъ инъикос мегардад.

Май 16, 2016 20:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд