Мусодираи 4 килограмм маводи нашъадори чарс дар ноҳияи Шуғнон
Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ Ховар/. Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 10-уми майи соли равон зимни баргузории чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ҳудуди деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон, бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Хушмаҳмадов Ҷамшед Зуришоевич, с.т. 1981, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Дашти Роғи ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ, маълумоташ миёна боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ, аз номбурда 4 килограмм маводи нашъадори навъи чарс дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тафтиши пешакӣ муайян кард, ки дастгиршуда Ҷамшед Хушмаҳмадов ин миқдор маводи мухаддирро аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ бо мақсади фурӯши минбаъда дастрас намудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷамшед Хушмаҳмадов соли 2008 дар Федератсияи Русия бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир гардида, аз рӯи моддаи 227 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ФР ба муҳлати 7 сол муҷозот гардида буд. Моҳи октябри соли 2015 аз маҳбас ба озодӣ баромада, дубора даст ба ҷиноят задааст.
Дар айни замон нисбат ба аъмоли Ҷамшед Хушмаҳмадов парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд






