Нақшаи бунёди боғ барзиёд иҷро гардид
Душанбе,5.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри амалигардонии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» соли равон дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 81 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 3 ҳазору 545 гектар боғ, 536 гектар токзор ва 1 ҳазору 730 гектар дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъминбуда бунёд карда мешавад.
Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 30 апрели соли равон боғпарварони ҷумҳурӣ дар майдони 4 ҳазору 420 гектар боғу токзори нав бунёд намудаанд, ки баробари 108,3 фоизи нақша мебошад. Аз майдони умумии боғу токзори нав 3946,2 гектарро боғ ва 473 гектарро токзор ва майдони 711 гектарро боғу токзор дар заминҳои бо намӣ таъмин ташкил медиҳанд.
Инчунин тибқи нақша имсол дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 56 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шаванд. Боғпарварони ҷумҳурӣ то 30 апрел дар майдони 3446 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд намудаанд, ки ин 61,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






