Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ 80 фоиз иҷро шуд
Душанбе, 05.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми беш аз як моҳи ҷараёни маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ иҷрои нақша дар қаламрави ҷумҳурӣ 80 фоизро ташкил дод.
То имрӯз 20 шаҳру навоҳии мамлакат нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд. Дар миёни гарнизонҳои ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳо пешсаф буда, иҷрои нақша дар ин вилоят ба 94 фоиз баробар мебошад. Ин нишондод дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 87 фоизро ташкил дода, масъулини даъват азм доранд, ки рӯзҳои наздик ин маъракаи муҳими сиёсиро пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд.
Тавре ки аз хадамоти мабуоти Вазорати мудофиаи кишвар хабар доданд, дар давоми беш аз як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ, иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар вилояти Суғд 75 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 73 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт ба 54 фоиз баробар шуд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ аз 1-уми апрели соли 2016 дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона идома дорад.
Фаъолияти мақомоти масъули давлатии даъват дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат то 31-уми майи соли 2016 идома меёбад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






