Нақши роҳбарони кишварҳои минтақа дар амалишавии лоиҳаи «КАСА-1000» беназир мебошад
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни сухани ифтитоҳӣ дар ҳамоиши «КАСА-1000» ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ», ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, изҳор намуд, ки «Заминаи пайдоиши лоиҳаи «КАСА-1000» ин норасоии барқ дар Осиёи Ҷанубӣ ва фаровонии он дар фасли тобистон дар Осиёи Марказӣ мебошад».
Боиси ифтихор аст, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби шарикони рушд: Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки исломи рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир ва Ирландияи шимолӣ, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва дигар созмонҳои молиявии минтақа ва ҷаҳон дастгирӣ ёфта, барои амалишавии он маблағҳои зарурӣ ҷудо шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи амалишавии лоиҳаи «КАСА-1000» пешбинӣ шудааст, ки кишварҳои содиркунандаи неруи барқ Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамасола аз моҳи май то моҳи сентябр 5 миллиард КВсоат, аз ҷумла 3 млрд. КВсоат Тоҷикистон ва 2 млрд. КВсоат ҷониби Қирғизистон нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба ҷумҳуриҳои Афгонистону Покистон интиқол медиҳанд. Лоиҳаи мазкур зимни тадқиқоти экологӣ, иҷтимоӣ ва техникиву иқтисодӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалии соҳавӣ судманд ва барои рушди минтақа мусоидаткунанда баҳогузорӣ шудааст.
Тавре ки Давлаталӣ Саид таъкид намуд, тарҳи «КАСА-1000» аз лоиҳаҳои калидии инфрасохтории минтақа ба ҳисоб меравад ва нақши роҳбарони кишварҳои иштирокдори лоиҳа дар раванди амалисозии он беҳамтост. Зеро танҳо бо иродаи сиёсӣ ва дастгирии доимии онҳо, аз ҷумла Пешвои миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварда шуд, ки пагоҳ дар Душанбе маросими расмии татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 баргузор мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






