Нериё Аминов-шашмақомсарои саршиноси санъати касбии тоҷик
Душанбе, 27.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 100 -солагии устоди варзидаи Шашмақом Нериё Аминов 29 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи консертӣ доир мегардад.
Дар барномаи консертӣ суруду таронаҳои машҳури Нериё Аминов бо номҳои «Париваш», «Боди сабо», «Айёми ишқ», «Ғамгусори ман куҷост», «Ҷилваи Хатлон», «Орзу дорам», «Зулфи парешон», «Ҳамдами дил», «Як табассум», «Нозанин», «Шаҳнози Гулёр» ва «Каъбаи ушшоқ» аз ҷониби ҳунармандон сароида шуда, ансамблҳои рақсии «Зебо», «Базморо» ва «Гулрез» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Нериё Аминов аз зумраи санъаткорони касбии мусиқии тоҷик ба шумор рафта, соли 1916 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Саҳми Нериё Аминов дар рушди санъати мусиқии суннатии тоҷикон-Шашмақом назаррас буда, соли 1946 бо унвони фахрии «Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






