Низомиёни Ироқ сардори алоқа ва иртиботи ДИ-ро нобуд карданд

Май 12, 2016 12:12

Душанбе,12.05.2016 /АМИТ «Ховар» /. Низомиёни Ироқ рӯзи чоршанбе яке аз пешвоёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»- ро, ки масъули алоқа ва иртибот дар созмон буд, нобуд карданд. Дар ин бора Агентии иттилоотии Ироқ хабар додааст.
Амалиёт дар як минтақаи наздишаҳрии шаҳри Ал- Фалуҷӣ, ки аз соли 2013 зери назорати ДИ аст, сурат гирифт.
«Субҳи имрӯз, неруҳои амниятӣ дар маркази минтақаи Ал-карма бар зидди гурӯҳи ҷангиёни ДИ амалиёти ҳарбӣ гузаронида, сардори ба ном алоқаи ДИ дар Ал- Фалуҷӣ ва нуҳ нафар ёрдамчиёни ӯро нобуд сохтанд»,- иқтибос меорад агентӣ аз изҳороти полковник Маҳмуд Мардӣ Ҷумалӣ.

Май 12, 2016 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст