Офати табиӣ ба хоҷагиҳои ноҳияи Файзобод хисорот ворид кард

Май 12, 2016 12:10

Файзобод, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта тахминан соати 12:00 дар натиҷаи бориши зиёди борон ва омадани сел аз дарёчаҳои ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод ва дарёи Элок ба хоҷагии мардуми ноҳия зарари зиёди молӣ расид.
Тибқи иттилои раиси ҷамоати мазкур Сафар Раҷабов дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоат як хонаи истиқоматӣ, ду пули калони мошингузар ва 7 пули хурди одамгузар, майдони варзишии деҳаи Сари чашма, зиёда аз 1000 бех ниҳоли гуногун, 7 бинои ёрирасон ва 20 километр роҳҳои маҳаллӣ пурра хароб гардиданд ва зиёда аз 50 сар чорвои сокинонро оби сел нобуд кард.
Ҳамчунин оби дарёи Элок ду пули мошингузар ва як пули одамгузари назди муассисаи таҳсилоти умумии №20- и ҷамоати деҳоти ба номи Д. Алиевро хароб кард, ки то таъмир намудани пулҳои мазкур рафтуомади сокинони ҷамоат ба ноҳия ва пойтахти ҷумҳурӣ катъ гардида, як қисми хонандагон натавонистанд ба дарс ҳозир шаванд.

Май 12, 2016 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст