Ошкоркунӣ ва мусодираи беш аз 7 ҳазор бозичаи ба саломатӣ зараррасон аз ҷониби «Тоҷикстандарт»
Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бозичаҳои ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷавобгӯ набуда ошкор ва мусодира гардиданд.
Аз маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти молҳои пастсифат ва хатарнок нозирони савдои Агентӣ мунтазам дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо санҷиш гузаронида, молҳои пастсифату бесифат ва ба талаботи санадҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набударо ошкор ва мусодира менамоянд.
«Беш аз 7 ҳазор бозичаи аз тариқи қочоқ ба қаламрави кишвар воридшуда ошкор ва мусодида шуда, барои нобудсозӣ пешниҳод шудааст. Нисбат ба воридкунандагон ва соҳибкороне, ки ин бозичаҳоро ба бозор баровардаанд, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд», — тазаккур доданд дар «Тоҷикстандарт».
Маврид ба зикр аст, ки чунин бозичаҳои зараровар ба саломатии кӯдакон хатар дорад. Аз ин рӯ, мутахассисони соҳа муътақид бар онанд, ки истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона бояд дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад, то ки зери назорати доимии мутахассисони соҳа қарор гирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






