Паҳлавони тоҷик Ҳамроз Раҷабов чемпиони Осиё оид ба самбо шуд!
Душанбе, 29.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Ҳамроз Раҷабов дар Чемпионати Осиё оид ба самбо дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ашқобод медали тилло ба даст овард.
Ҳамроз Раҷабов дар рӯзи дувуми чемпионат, 28 май, дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон дар вазни то 74 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гӯштингири қирғиз Урмат Мабетжан Уулу пирӯз шуд.
Дар рӯзи аввали мусобиқот, 27 май, варзишгарони тоҷик ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Нозила Каримова дар сабқати самбои варзишӣ миёни духтарон дар вазни то 56 кг мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Валерия Сякова (Узбекистон) мақоми аввал ва Меҳрубон Қурбонова (Туркманистон) мақоми севумро соҳиб шуданд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Дилбар Султонова дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни то 72 кило мақоми сеюмро соҳиб шуд. Нилуфар Давлатова (Узбекистон) ҳам ҷои сеюмро гирифт. Дар ин вазн Зере Бехтошқизӣ (Қазоқистон) дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Гавҳар Атдаева (Туркманистон) ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки мутахассиси варзидаи тоҷик Маҳмуд Абдуллоев сардовари (рефери) ин мусобиқоти пурнуфузи қитъавӣ таъин шудааст. Ӯ раиси комиссиюни доварони Иттиҳоди самбои Осиё мебошад.
Чемпионати Осиё оид ба самбо, ки бори нахуст дар пойтахти Туркманистон доир шудааст, санҷишест пеш аз Бозиҳои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Ашқобод баргузор мешаванд. Ба барномаи ин Бозиҳо самбо низ шомил шудааст.
Дар Чемпионати Осиё оид ба самбои варзишӣ ва самбои размӣ миёни наврасону ҷавонон, бузургсолон ва занон, ки имрӯз, 29 май ба анҷом мерасад, ҳудуди 400 варзишгар аз 17 кишвари қора ширкат доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






